Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мӯҳсин Мирзоев, сокини 33-солаи деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент аз таркиши минаи марзии Узбакистон дар ҷои ҳодиса кушта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳодиса рӯзи 2-юми июл дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки Мирзоев дар як минтақаи аломатгузоринашудаи марз рамаеро мечаронд.

Узбакистон марзаш бо Тоҷикистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои баҳсталаб дар соли 1999 бо мақсади пешгирӣ аз вуруди ситезаҷӯёни исломӣ минагузорӣ кард ва аз он вақт то ҳоло наздик ба 70 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистону 2 шаҳрванди Узбакистон аз таркиши ин минаҳо ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маълул шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ин масъаларо дар нишастҳои байнулмилалӣ мавриди интиқод карор доданд ва Тошканд чандин бор гуфт, ки ба барчидани минаҳо аз марз оғоз кардааст. Аммо амалан сари чанд вақт аз таркиши ин минаҳо ва ҳалокати одамони осоишта дар марзи байни ду кишвар хабар мерасад.

Ҳеҷ яке аз ин рӯйдодҳо аз тарафи мақомоти додситонӣ тафтиш нашудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG