Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама вориди Маскав шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бо як сафари расмӣ вориди Маскав шуд. Қарор аст имрӯз музокироти Обама бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев доир шавад. Зимни гуфтушунид онҳо равобити дуҷониба ва муҳимтарин мушкилоти байнулмилалиро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки яке аз мавзӯъҳои аслии музокирот – таҳияи созишномаи нав миёни ИМА ва Русия оид ба маҳдудсозии силоҳи стротегӣ хоҳад буд.
Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин бо сарвазири Русия Владимир Путин низ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин мулоқоти Барак Обама бо намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Русия дар назар аст.
Ҳамроҳ бо Обама хонумаш Мишел ва ду духтараш низ ба Маскав омадаанд.
XS
SM
MD
LG