Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти назорати байтории Русия ду кабкро, ки аз Тоҷикистон ба Новосибирск оварда шуданд, ихроҷ кард.

Расонаҳои ҳамагонии Русия хабар додаанд, ки ин ду ҷонварро як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаҳри Хуҷанд ба Новосибирск парвоз кард, ба Русия интиқол дод.

Аммо ҳангоми бозрасии гумрукӣ дар фурудгоҳи "Толмачево" ошкор шуд, ки барои кабкҳо ягон хел санади байторӣ ва ҳуқуқӣ гирифта нашудааст.

Тибқи қонунҳои Русия ва бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои эҳтимолӣ интиқоли парандаҳо ба Русия манъ шудааст.

Кабкҳои Тоҷикистон дар боздоштгоҳи махсуси ҳайвоноту парандаҳо нигаҳдорӣ шуда, бо аввалин парвоз ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз аввали имсол бори савум аст, шаҳрвандони Тоҷикистон талош мекунанд, парандаҳои гуногунеро вориди Русия кунанд.

Онҳо изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ гуна ин парандаҳо аз бозрасии гумрукии Тоҷикистон ва дар ин мавриди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд бе мушкил убур кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG