Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

26 миллион доллари раисиҷумҳур барои донишҷӯён


Раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Ли Мен Бак ба як бунёди хайрия 26 миллион доллар интиқол дод ва ба ин васила ваъдаи қабл аз интихоботии худро иҷро намуд. Гуфта мешавад, ки ин маблағ тақрибан 80 дар сади дороии шахсии Ли Мен Бак аст. Раисиҷумҳур ҳамаи маблағро ба суратҳисоби Бунёди кумак ба донишҷӯёни ниёзманд гузаронд. Дар ташреҳи ин тасмими ӯ гуфт, ки худ дар хонаводаи фақир ба дунё омадааст ва хуб медонад, ки ҷавонони донишҷӯ ба кумаку пуштибонӣ зарурат доранд. Баъд аз хатми донишгоҳ, раиисҷумҳури феълии Кореяи Шимолӣ ба тиҷорат машғул шуд ва дар ин ҷода муваффақ буд.
XS
SM
MD
LG