Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии боз як корманди сафорати Бритониё дар Эрон


Мақомоти Эрон боз як тан аз кормандони қаблан боздоштшудаи сафорати Бритониё дар Теҳронро озод карданд. Дар ин бора имрӯз вазорати умури хориҷаи Бритониё хабар дод. Кормандони эронитабори сафорат чанд рӯз қабл бо гумони таҳрик додани мардум ба тазоҳуроти баъд аз эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон боздошт шуда буданд. Аз ин пеш мақомоти Эрон ҳафт нафари онҳоро раҳо карданд. Айни ҳол фақат корманди бахши таҳлилии сафорати Бритониё, ки низ шаҳрванди Эрон аст, дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вакили мудофеъи ӯ гуфт, ки мақомот мехоҳанд ин корманди сафоратро ба додгоҳ бикашанд. Вазорати умури хориҷии Бритониё изҳор намуд, ки музокиротро дар робита ба раҳоии охирин корманди сафорати кишвар дар Теҳрон идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG