Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониён дар Шинҷон ба 140 нафар расид


Бар асари нооромиҳои ахир ва саркӯбсозии тазоҳурот дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷони Чин дасти кам 140 нафар кушта ва беш аз 800 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Синхуа, теъдоди қурбониён шояд афзоиш ёбад. Қаблан мақомоти Шинҷон дар бораи ҳалокати чаҳор нафар хабар дода буданд.
Нооромиҳо дар шаҳри Урумчӣ рӯзи шанбе шурӯъ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, тазоҳургарон – уйғурҳои маҳаллӣ - ба раҳгузарҳо ҳамла карда, мошинҳоро ба оташ мекашиданд. Мақомоти Чин дар шурӯъи нооромиҳо ифротгароҳои исломиро муттаҳам карданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, айни ҳол шаҳр таҳти назорати комили низомиён қарор дорад.
Вазъ дар вилояти Шинҷон-Уйғур солҳо боз нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар гузориши ахири вазорати хориҷаи ИМА далелҳои зиёди поймолшавии ҳуқуқи мардуми уйғури муқими вилоят аз сӯи мақомоти Чин оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG