Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ «Локомотив»-и Душанберо бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. «Ҷавонон»-и Турсунзода дар сафар аз «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.
РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Танҳо як бозӣ байни дастаҳои «Барқ»-и Норак ва «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ҳоло «Саройкамар» бо 21 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Футболбозони ноҳияи Панҷ сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври 9-ум дар давраи аввали мусобиқот ғолиб шуданд.

«Хайр» бо 17 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Панҷшер» бо 15 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд. «Ҷавонон» пас аз ду бохти паиҳам бо 14 имтиёз дар ҷадвал ба ҷои 4-ум фуромад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 11-уми июл

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

8

7

0

1

18-8

21

2.

«Хайр»

8

5

2

1

25-14

17

3.

«Панҷшер»

8

5

0

3

25-10

15

4.

«Ҷавонон»

8

4

2

2

21-12

14

5.

«Ҳулбук»

8

3

0

5

14-20

9

6.

«Локомотив»

8

3

0

5

6-15

9

7.

РШВСМ

8

2

2

4

10-14

8

8.

«Рангонгаз»

8

2

2

4

9-18

8

9.

«Зарафшон»

7

1

2

4

8-15

5

10.

«Барқ»

7

1

2

4

6-16

5


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 10 гол, Дилшод Табаров («Хайр») – 7 гол ва Зоир Холматов («Ҳулбук») – 5 гол.

Бозиҳои даври 9-ум: 11-уми июл - «Ҳулбук» - «Саройкамар», «Панҷшер» - «Зарафшон», Ҷавонон» - «Рангонгаз», 12-уми июл - «Локомотив» - «Барқ», «Хайр» - РШВСМ.

Рӯзи баргузории бозии мавқуфмондаи даври 7-ум байни дастаҳои «Зарафшон» - «Барқ» муайян нашудааст.
XS
SM
MD
LG