Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилии хокбориш дар Ироқ


Дар ин рӯзҳо аҳолии Ироқ аз самум ё хокбориши шадид ранҷ мекашанд. Мардуми зиёд дар ин рӯзҳо барои кӯмак ба пизишкон муроҷеа мекунанд, зеро гарду хок онҳоро гулӯгир мекунад ва аз сӯзиши чашм азоб мекашанд. Парвози ҳавопаймоҳо низ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Ин хокбориш дар давоми ҳафта Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрикоро водор кард, ки аз боздидаш аз Курдистони Ироқ даст кашад. Парвози баъзе ҳавопаймоҳо ба Бағдрод-пойтахти Ироқ ба таъхир афтодааст. Хушксолии чанд соли ахир сабаби чунин хокбориш арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG