Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар шаҳри Урумчии вилояти Шинҷони Чин


Бино ба иттилои Синхуа-хабаргузории расмии Чин дар маркази вилояти Шинҷон ё Синзяни Чин баъд аз як рӯзи тазоҳуроти эътирозомез дар маркази ин вилоят, ки дар он се нафар кушта шудаанд, вазъ зери назорат қарор доштааст. Аҳолии маҳаллӣ ба кӯчаву хиёбонҳои Урумчӣ баромадаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва ба нируҳои амниятӣ мухолифат нишон додаанд. Ҳукумати Чин гурӯҳҳои муҳоҷири уйғурро муттаҳам кардааст, ки онҳо мехоҳанд ин вилоят аз Чин истиқлол ба даст орад. Ба ақидаи ин гурӯҳҳо, чиноиҳо ба фарҳанги онҳо эҳтиром намегузоранд ва аз сарватҳои табиии онҳо истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG