Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон як нафари дигарро раҳо мекунад


Интизор меравад, ки яке аз ду корманди маҳаллии сафорати Амрико дар Теҳрон аз боздошт раҳо шавад. Дар ин бора Дэвид Милибанд-вазири умури хориҷаи Британия хабар додааст. Эрон 9 нафар кормандони маҳалии сафорати Амрико дар Теҳронро боздошт ва онҳоро муттаҳам кард, ки дар таҳрики тазоҳуроти эътирозомез бар зидди натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон даст доранд. Баъдтар 7 нафари онҳо озод шуданд. Милибанд гуфтааст, дар бораи ду нафари дигар бо вазири умури хориҷаи Эрон гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG