Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Обама барои боздид вориди Маскав мешавад


Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои боздиди дурӯза вориди Маскав-пойтахти Русия мешавад. Обама ва Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия коҳиши миқдори зарродхонаҳои ҳастаии худро баррасӣ мекунанд. Обама ҳамчунин мехоҳад барои интиқоли аслиҳа ба Афғонистон тавассути қаламрави Русия ризояти раҳбарияти ин кишварро ба даст орад. Медведев мегӯяд, агар Амрико аз таъсиси сипари дифоъи зидди мушакӣ дар Аврупои марказӣ даст кашад, дар он сурат ба имзои аҳдномаи назорати комил бар аслиҳа муваффақ хоҳад шуд. Аммо Обама ҳар гуна иртибот миёни масъалаи назорат бар аслиҳа ва таъсиси сипари дифоъи зидди мушакӣ дар Аврупоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG