Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи М. Ҷексон маросими вижа баргузор мекунад


Пулиси Лос Анҷелес гуфтааст, хонводаи Майкл Ҷексон ба нақша гирифтааст, ки дар қабристони Ҳолливуд Ҳиллз маросими вижае баргузор кунад. Ҷим мак Доннелл-раиси пулис гуфт, ҳоло дафтари пулис бо хонаводаи Майкл Ҷексон дар бораи "барномаи хусусии хонаводаӣ" як ҷо кор мекунанд. Вай дар бораи ин барнома ҷузъиёти бештар надод. Оқои Доннелл ҳамчунин гуфт, пулис ба нақша гирифтааст, ки рӯзи сешанбе хиёбонҳои марказиро дар Степл Сентери Лос Анҷелес бибандад. Дар он рӯз дар ин маҳал маросими видоъ бо Майкл Ҷексон дар назар гирифта шудааст. Барои дарёфти билет дар ин маросим беш аз 1 миллиону 600 000 ҳаводор худро сабти ном кардаанд. Дар номае электронӣ гуфта шудааст, ки аз ин миқдор ҳаводор 8 ҳазору 750 нафар интихоб шудаанд ва ҳар кадоме аз онҳо ду билетӣ дарёфт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG