Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев афви Ходорковскийро рад кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медеведев афви соҳибкори маъруфи зиндонӣ Михаил Ходорковскийро то замони эътироф шудани гуноҳҳои вай дар кулоҳбардориву напардохти молиёт рад кард. Ходорковский, ки замоне раҳбарии ширкати нафти "Юкос"-ро ба ӯҳда дошту ба феҳрасти сарватмандтарин шахсиятҳои Русия шомил буд, барои ин иттиҳомот мӯҳлати ҳаштсолаи зиндонро пушти сар мекунад. Вай ҳоло дар додгоҳи Маскав барои иттиҳомоти марбут ба ғорати миллионҳо тонна нафт ва коркарди баъдии он ҷавоб медиҳад. Вай батакрор дар ҳама мурофиаҳои додгоҳӣ ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва тарафдорони ӯ низ мегӯянд, ки парвандаи вай бепояву асос ва сохта будааст.
XS
SM
MD
LG