Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев Амрикоро ба созиш даъват кард


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия имрӯз дар сӯҳбат бо як нашрияи амрикоӣ гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, ки ба коҳиши кулоҳакҳои ҳастаӣ даст ёбад, бояд дар масъалаи нақшаи ҷойгиркунии сипари зиддимушакиаш дар хоки Аврупо созиш кунад. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама рӯзи душанбе вориди Маскав мешавад, то бо ҳамтои русаш масъалаи паймони коҳиши силоҳҳои стратегиро, ки мӯҳлаташ декабри имсол ба охир мерасад, баррасӣ кунад. Ҷонибҳо бояд мавзӯи имзои санади ҷойивазкунандаи онро баррасӣ кунанд. Дар мусоҳиба бо расонаҳои итолиёӣ Медведев гуфт, ки Русия ин масоилро ба ҳам вобаста медонад.
XS
SM
MD
LG