Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ пешниҳоди Амрикоро рад кард


Ҳукумати Ироқ кӯмаки Амрикоро барои ба ҳам овардани гурӯҳҳои рақиби сиёсӣ дар ин кишвар ба хотири дастёбии зудтар ба ваҳдати миллӣ рад кард. Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ-ад-Даббоғ тавассути телевизиони давлатӣ гуфт, ки масъалаи дастёбӣ ба оштии миллӣ чизест, ки танҳо аз ҷониби ироқиҳо ҳал шуда метавонад ва мудохилаи ғайриироқиҳо ба ин масъала метавонад ин мушкилро боз ҳам печидатар кунад. Рӯзи ҷумъа муовини раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден, ки аз Бағдод дидан мекунад, кӯмаки Амрикоро дар ҳалли ихтилофҳои сиёсии миёни гурӯҳҳои шиаву суннӣ ва курдтабори Ироқ пешниҳод кард.
XS
SM
MD
LG