Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори ду бритониёӣ дар Афғонистон


Дар ҳодисаҳои ҷудогонае дар ҷануби Афғонистон ду сарбози бритониёӣ кушта шуданд. Вазорати дифоъ гуфт, ки як сарбоз бар асари таркиши мушаке ва дигаре дар бар асари инфиҷоре дар наздикии вулусволии Гиришки вилояти Ҳилманд шоми шанбе кушта шуданд. Шумори куллии қурбониҳо дар миёни нирӯҳои Бритониё аз замони шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон дар соли 2001 - 173 нафарро ташкил додааст. Ҳафтаи ҷорӣ ҳазорҳо сарбозони амрикоиву бритониёӣ амалиёти густардаро дар ҷануби Афғонистон зидди ҷангиёни Толибон ба роҳ монданд, то ки назоратро дар минтақа ба дасти худ дароранд.
XS
SM
MD
LG