Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Булғористон интихоботи парлумонӣ мегузарад


Баъди ду сол пеш ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шудани Булғористон имрӯз дар ин кишвар нахустин интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Тибқи натиҷаҳои пурсишҳои афкори умум, эҳтимолан дар натиҷаи интихобот эътилофи сотсиалистии ба раҳбарии нахуствазир Сергей Станишев мағлуб шавад. Нозирон мегӯянд, ки эътибори ҳукумати ӯ бо сабаби чанд моҷарои марбут ба фасоду паёмадҳои нохуши бӯҳрони иқтисодӣ хеле коста шудааст. Эҳтимол дорад ҳизби марказу ростгарои Бойко Борисов, мири шаҳри София дар ин интихобот пирӯз шавад.
XS
SM
MD
LG