Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 16 корманди СММ рабуда шуданд


Полис гуфт, ки гурӯҳи ношиноси мусаллаҳе 16 корманди як созмони маҳаллиро дар Афғонистон рабудааст, ки бо сармоягузории СММ корҳои поксозии минаҳоро анҷом медоданд. Онҳо мегӯянд, ки ин афрод ҳангоми сафар аз вилояти Хост ба Пактико шоми шанбе аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе боздошт ва ба маҳалли ношинос интиқол дода шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин рабоишро ба ӯҳда нагирифтааст. Вале аз рӯи иттилои полис дар ин охирҳо фаъолшавии гурӯҳҳои ҷиноиву шӯришиёни Толибон дар заминаи ҳамлаву одамрабоӣ ба мушоҳида мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG