Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ба як нашрияи мухолифини чопи Русия дар остонаи шурӯи сафараш ба Маскав мусоҳиба додааст. Дар сӯҳбат бо "Новая газета", ки бояд рӯзи душанбе ба чоп расад, вай гуфт, ки баёнияҳои расмии президенти Русия Дмитрий Медведевро оид ба зарурати таҳкими ҳокимияти қонун, поксозии низоми додгустарӣ ва эҷоди ҷомеаи озодтар дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Хабаргузории Ройтерс ҳам дар нақли қавл аз Обама мегӯяд, ки ИМА сиёсати ҳимоят аз ҳуқуқи башарро ба хотири гармтар шудани равобиташ бо Кремлин нармтар карданӣ нест.