Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико дар пайи партоби чанд мушаки Кореяи Шимолӣ ба мақомоти Пхенян ҳушдор дод, ки вазъи ҳассоси минтақаро тундтар насозад.

Кореяи Ҷанубӣ дирӯз, 4-уми июл, дар рӯзи ҷашни истиқлолияти Амрико ҳафт мушаки кӯтоҳпарвозро ба уқёнус партоб кард.

Намояндаи департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин амали Кореяи Шимолиро «номуносиб» ва ғайрисозанда унвон кард.

Партоби мушакҳо ҳамчунин нигаронии шадиди кишварҳои ҳамсояи Кореяи Шимолиро ба бор овард. Яке аз мақомҳои баландпояи ҳукумати Ҷопон иқдоми Пхенянро ҳамчун "силсилаи амалҳои таҳрикомези зидди амнияти кишварҳои ҳамсоя", аз ҷумла Ҷопон номид ва ба боди интиқод кашид.

Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ низ гуфтанд, ки омода ҳастанд ба ҳама гуна таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ посух диҳанд.
XS
SM
MD
LG