Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 20 қочоқбарро эъдом кард


Оҷонсии нимарасмии Форси Эрон хабар медиҳад, ки мақомот дар зиндони Караҷ, ғарби Теҳрон рӯзи шанбе ҳукми марги 20 қочоқбари маводи мухаддирро ба иҷро расонданд. Бар тибқи иттилои созмони Афви байнулмилал ё Амнести интернешинал соли гузашта Эрон 346 нафарро эъдом кард ва бо ин нишондод аз Чин ҳам пеш гузашт. Соли ҷорӣ, мегӯяд хабаргузории Франс Пресс, ҳукми марг дар нисбати 161 нафар содир шудааст.
XS
SM
MD
LG