Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоми корманди сафорати Бритониё дар Теҳрон


Вакили як корманди боздоштшудаи сафорати Бритониё дар Теҳрон гуфт, ки шахси мавриди ҳимояти ӯ барои "фаъолиятҳое, ки зидди амнияти миллии кишвар равона шудааст" муттаҳам мешавад. Абдусамади Хуррамшоҳӣ гуфт, ки муштарии вай Ҳусейн Рассом, таҳлилгари аршади сиёсии сафорат дар зиндони Эвин нигоҳ дошта шуда ба эҳтимоли ғолиб дар рӯзҳои наздик дар баробари додгоҳ ҳозир хоҳад шуд. Вазири умури хориҷии Бритониё Дейвид Милибанд гуфт, ки вай ба таври сареъ мехоҳад таъйид кунад, ки оё воқеан ҳам хабари рӯҳониёни эронӣ оид ба ин ки гӯё кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Теҳрон бо иттиҳоми ташвиқи ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ дар пойтахти Эрон ба додгоҳ кашонда мешавад, ба ҳақиқат наздик аст ё на. Милибанд гуфт, ки вай аз боздошти кормандони сафорат амиқан нигарон аст ва гуфт, ки мутмаин аст ин нафарон ба корҳои ғайриқонунӣ даст назадаанд.
XS
SM
MD
LG