Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот - имтиҳони демократия дар Афғонистон


Пайомадҳои эҳтимолии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар нишасте дар Ню-Йорк аз сӯи мутахассисону коршиносони умури Афғонистон баррасӣ шуд.

Интихоботи мазкур ҳамчун имтиҳони ҷиддӣ барои демократияи ҷавони Афғонистон арзёбӣ мешавад. Оё раъйдиҳии қарибулвуқӯъ қадаме барои дастёбӣ ба як фазои боэътидолу демократӣ ва сулҳомез дар Афғонистон хоҳад буд? Эътибори интихобот дар чашми мардум чӣ гуна аст?

Аҳмаднодири Нодирӣ раиси комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ва раиси бунёди интихоботи озоду шаффофи ин кишвар аст. Вай мегӯяд, алорағми монеаҳое, ки дар пешорӯи интихоботи қарибулвуқӯи кишвараш қарор дорад, як чизи мусбати қобили зикр ин аст, ки ин интихобот аз ҷониби худи афғонҳо ташкил ва танзим мешавад.

Вай гуфт, "ин навбат интихобот пурра аз ҷониби худи афғонҳо идора мешавад ва ин як ҷараёни комилан афғонистонӣ аст. Дигар иқдоми мусбат ин баргузории сабти номи сартосарӣ мебошад. Ин кор низ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Афғонистон пиёда шудааст. Ҳеҷ як ҳодисаи калоне ба вижа аз лиҳози амниятӣ рӯй надодааст".

Чизи дигари умедворкунандаи интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар ин аст, гуфт оқои Нодирӣ, шумори хеле зиёди занон барои ширкат дар раъйдиҳӣ аз қайд гузаштаанд. Феълан, гуфт вай, 14 миллион аҳолии Афғонистон барои ширкат дар раъйдиҳӣ сабти ном шудаанд ва 20 дар сади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Вале бо вуҷуди чунин тамоюлҳои хушбинона дар Афғонистон бисёриҳо эътироф мекунанд, ки вазъ ҳамоно вахим боқӣ мемонад. Ҳамоно Толибон ва гурӯҳҳои дигари шӯришӣ ба таҳдид ва баҳамзании ҷараёнҳои интихобтӣ даъват мекунанд. Бархе мегӯянд, эҳтимолан бо шурӯи амалиёти густардаи зиддитолибон дар ҷануби ин кишвар эҳтимолан хатари гурӯҳҳои ошӯбгар поин бурда шавад, вале ҳеҷ кас инро замонат дода наметавонад.

Оқои Нодирӣ гуфт, ки дар охири моҳи июн 11 ҳавзаи интихоботӣ дар ҷануби Афғонистон пурра таҳти контроли Толибон будааст. Аз 390 ҳавзаи дигари интихоботӣ ба 124-тоаш хатарҳои қобили мулоҳизаи амниятӣ таҳдид мекунад. Дар сурати идомаи вазъ ба ин шакл, вай мегӯяд, ки ташкили раъйдиҳӣ дар ин манотиқ ғайриимкон хоҳад буд. Дар баробари ин як қатор номзадҳои интихоботӣ худ дар баробари хатарҳои амниятӣ қарор доранд, гуфт вай.

Масъалаи дигаре, ки метавонад ба эътибори интихобот латма занад, гуфт ӯ, ин вуҷуди муомилаҳои пасипардаии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон ва номзади интихоботӣ бо бархе ҷангсолорҳо ба хотири дастёбӣ ба пирӯзӣ дар интихобот аст.

Вай гуфт, "бо он, ки Карзай дар андешаи тақсими қудрат бо бархе нафарони мушаххас мебошад, вай бояд мутмаин бошад, ки дар кишвар фазое эҷод мешавад, ки гӯё натиҷаҳои интихобот аз пеш маълум аст. Ва ин муомилаҳо боиси ихтилофи бештар дар миёни раъйдиҳандагон мешавад".

Иштирокдорони нишасти Ню-Йорк гуфтанд, ки дар баробари интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ноумедиву нокомиҳои зиёд мушоҳида мешавад, чунки мардуми зиёд дарк мекунанд, ки барои беҳбудёбии сатҳи зиндагии онҳо то ҳол кори каме анҷом шудааст. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки пешравиҳои чашмрас ба миён наояд, мардум ба ҳукумати марказӣ эътимод нишон намедиҳад.
XS
SM
MD
LG