Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба ваҳдати миллии ироқиҳо даъват кард


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳурии Амрико зимни боздидаш аз Бағдод аз раҳбарони Ироқ даъват кард, ки барои дастёбии ҳарчи зудтар ба ваҳдати миллӣ кори бештареро барои наздик кардани гурӯҳҳои аз ҳам ҷудои сиёсиву мазҳабии кишвар анҷом диҳанд. Зимни суханрониаш дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ Байден гуфт, ки ИМА омодаи кӯмак ба ироқиҳо дар ин кори бисёр сахти сиёсӣ мебошад. Вай гуфт:

"Президент Обама аз ман хоҳиш кард, ки ба Ироқ бо як пайғоми хеле ва хеле мушаххас баргардам: ИМА барои пешравиву муваффақияти Ироқ ӯҳдадор аст".

Байден афзуд, ки Ироқро ҳанӯз роҳи сахте барои расидан ба сулҳу субот дар пеш аст. Сафари вай бо марҳилаи оғози беруншавии нирӯҳои амрикоӣ аз шаҳру шаҳракҳои Ироқ, ки 30 июн шурӯъ шуд, мувофиқ омад. Нирӯҳои амрикоӣ бояд то охири соли 2011 пурра аз қаламрави Ироқ берун шаванд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа дар пешорӯи сафари Байден ба Бағдод тарафдорони рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Садр бо шиорҳои зиддиамрикоӣ дар хиёбонҳои минтақаи Садри Бағдод раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG