Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани нӯҳ афсари полис дар Ингушистон


Мақомот гуфтанд, ки имрӯз дар Ингушистон бар асари бархӯрди автобуси нирӯҳои полис бо ҷангиён нӯҳ ходими полис кушта шуданд. Сухангӯи кумитаи тафтишотии минтақаӣ гуфт, ки дар ин ҳодисаи ноҳияи Сунҷа боз 10 полиси дигар ҷароҳат бардоштанд. Автобуси полис аз Чеченистони ҳамсоя ҳамчун ҷузве аз амалиёти зиддитеррор ба самти Ингушистон ҳаракат мекард, ки мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифт. Баъди ҳамлаи рӯзи 22 июн ба мошини раиси ҷумҳурии Ингушистон Юнусубек Евкуров, ки дар натиҷа вай шадидан маҷрӯҳ шуд, нигарониҳо аз вазъи амниятии ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ дар ҳоли афзудан мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG