Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариатмадорӣ Мусавиро "ҷосуси Амрико" хонд


Ёвари аршади раҳбари олии Эрон пешвои мухолифин Мирҳусайни Мусавиро як ҷосуси амрикоӣ номид. Як рӯҳонии тундрав Ҳусейни Шариатмадорӣ дар як матлаби нашрияи "Кайҳон", чопи Теҳрон даъват кардааст, ки Мусавӣ ва раиси ҷумҳурии пешини ислоҳотхоҳ Муҳаммади Хотамӣ дар додгоҳ барои хиёнат бо сабаби ташкили намоишҳои эътирозии зидди натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн, ки аз назари мухолифон тақаллуб шудааст, муҳокима шаванд. Ҳарчанд Шариатмадорӣ ҳеҷ як вазифаи расмӣ надорад, аммо вай як ёвари бисёр наздики раҳбари олии Эрон мебошад.
XS
SM
MD
LG