Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд


Низомиёни амрикоӣ хабар доданд, ки ду сарбози ИМА имрӯз бар асари таркише дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Сержант Чарлз Марш, сухангӯи низомён гуфт, ки таркише дар вилояти Пактико рӯй дод, аммо аз додани тафсилоти бештари ин ҳодиса худдорӣ кард. Як сухангӯи маъмурияти маҳаллӣ Ҳамидулло Жвак гуфт, ки сарбозони амрикоӣ ба ҳангоми аз ҷониби ҷангиён мунфаҷир шудани як мошини ҳомили бензин дар муқобили сохтмони ҳукуматии вулусволии Зирок кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG