Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Пейлин курсии волии Аляскаро тарк мекунад


Волии Аляска Сара Пейлин эълон кард, ки моҳи ҷорӣ аз вазифа канор меравад ва ният надорад, ки соли оянда номзадиашро ба ин мақом дубора пешбарӣ кунад. Пейлин, ки дар рақобатҳои порсолаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико мағлуб шуда ба ҳайси номзади муовини раиси ҷумҳурии Ҷон Маккейн аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихобот иштирок кард, изҳороти худро рӯзи ҷумъа дар шаҳри Василлаи Аляска пахш кард. Пейлини 45-сола аммо нагуфт, ки бо тарки мақом карданаш оё бо чӣ кор машғул шуданист ва сабаби чунин тасмимгириашро ҳам шарҳ надод. Вай фақат гуфт, ки ҳарчанд шояд баъди дую ним кораш дар ин мақом тасмими вай ғайримаъмулӣ ба назар мерасад, аммо ин ҳақи ӯст.

"Бо вуҷуди ғайриоддӣ ва номуносиб будани ин тасмим вале фикр мекунам, ки азми қавии ман барои истеъфо ба хотири Аляска як қарори дуруст мебошад".

Бархе шореҳони сиёсӣ тахмин мезананд, ки эҳтимолан Пейлин дар андешаи дубора пешбарӣ кардани номзадии худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳ бошад.
XS
SM
MD
LG