Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Милибанд ва хабари додгоҳи кормандони сафорат


Вазири умури хориҷии Бритониё Дейвид Милибанд гуфт, ки вай ба таври сареъ мехоҳад таъйид кунад, ки оё воқеан ҳам хабари рӯҳониёни эронӣ оид ба ин ки гӯё кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Теҳрон бо иттиҳоми ташвиқи ошӯбҳои баъдиинтихоботӣ дар пойтахти Эрон ба додгоҳ кашонда мешавад, ба ҳақиқат наздик аст ё на. Милибанд гуфт, ки вай аз боздошти кормандони сафорат амиқан нигарон аст ва гуфт, ки мутмаин аст ин нафарон ба корҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашудаанд. Иттиҳодияи Аврупо як маъракаи тазимшудаи эътирозиро аз боздоштшавии кормандони сафорати Бритониё дар Теҳрон ба роҳ монда ҳамаи 27 давлати узви ин созмон сафирони Эронро дар кишварҳои худ фаро хонда тақозои озодшавии кормандонро пеш гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG