Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ 7 мушаки дигар партоб кард


Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки Кореяи Шимолӣ имрӯз дар маҷмӯъ ҳафт мушакро ба уқёнус партоб кард. Низомиён гуфтанд, ки ба назар мерасид ҳама мушакҳо навъи "Скат" буданд, ки ҳамчун мушакҳои кӯтоҳпарвоз шинохта мешаванд. Ҷопон ин амали Пхенянро маҳкум кард. Яке аз мақомҳои баландпояи ҳукумати ин кишвар ин амалро ҳамчун "силсилаи амалҳои таҳрикомези зидди амнияти кишварҳои ҳамсоя", аз ҷумла Ҷопон ба боди интиқод кашидааст. Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки омода ҳастанд ба ҳама гуна таҳдиду провокатсияҳои Кореяи Шимолӣ посух диҳанд. Рӯзи панҷшанбе Кореяи Шимолӣ ба соҳилҳои шарқии худ чаҳор мушаки кӯтоҳпарвозро партоб кард, ки ба оташи таниши минтақаии баъди як озмоиши ҳастаии моҳи май анҷомдодаи Пхенян равғани бештар мерезад.
XS
SM
MD
LG