Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо сафирони Эронро эҳзор мекунад


Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки ба нишонаи эътирози муштарак бар зидди боздошти кормандони сафоратхонаи Британия дар Теҳрон сафирони Эрон дар 27 кишвари узви ин иттиҳодияро эҳзор кунад. Дар изҳороте Карл Билдт-вазири умури хориҷаи Швеция гуфт, Британия пешниҳод кардааст, ки ҳамаи сафирони кишварҳои узви иттиҳодия аз Теҳрон фаро хонда шаванд, аммо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки фишор қадам ба қадам ташдид ёбад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки Аҳмад Ҷаннатӣ-раиси Шӯрои Нигаҳбон гуфт, баъзе аз кормандони боздоштшудаи сафорати Британия гӯё барои нақшашон дар нооромиҳои баъд аз интихоботӣ дар Теҳрон муҳокима хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG