Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши нисбии бегонаситезӣ дар Русия


Намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷик дар Лондон, 10 июни соли 2009.

Намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷик дар Лондон, 10 июни соли 2009.

Дар 6 моҳи соли 2009 дар Русия аз дасти нажодпарастону бегонаситезон 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 8 нафар захмӣ шудаанд.

Ин омор дар навтарин гузориши моҳонаи Бунгоҳи маскавии дифоъ аз ҳуқуқи башар дар бораи бегонаситезӣ дар Русия оварда шудааст. Бино бар ин гузориш дар шаш моҳи гузашта дар Русия 112 маврид ҳамла дар заминаи бегонаситезӣ сабт шуда ки марги 38 кас ва захмӣ шудани 106 касро дар пай доштаанд.
Чаро бар тоҷикҳо ҳамла мекунад? Зеро нажодпарастҳо тоҷикҳоро “ишғолгар” ва сусту нотавон мешуморанд...

Бештари ҳамлаҳо дар шаҳру вилоятҳои Маскав, Санкт-Петербург, Нижни Новгород, Калиниград ва Ярославл сурат гирифтаанд.

Коршиноси Бунгоҳи маскавии дифоъ аз ҳуқуқи башар Семён Чарний дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” раванди бегонаситезӣ дар Русияро рӯ ба коҳиш арзёбӣ кард ва далелашро амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Русия донист.

“Аз моҳи феврал – март то кунун бегонаситезӣ дар Русия раванде рӯ ба коҳиш дорад ва умедворем ин падидаи мусбат ҳамчунон идома пайдо кунад. Ин раванд пайомади муқобала ва муборизаи ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Русия бо гурӯҳҳои бегонаситезу нажодпараст аст ки аъзои онҳоро дастгир ва зиндонӣ мекунанд. Хабарҳо дар бораи боздоштҳо ва маҳкумият ба муддати тулонии зиндон, масалан барои 10 – 15 сол ва ё зиндони абад, нажодпарастҳоро метарсонад”

Бино бар гузориши Бунгоҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар ин шаш моҳ дар Русия 140 кас барои ҷиноят дар заминаи нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ барои солҳои дарозе зиндонӣ шудаанд. Аз он ҷумла бино бар ҳукми Додгоҳ 1 нажодпараст беш аз 20 сол, 13 кас – 10 то 20 сол, 16 кас – 5 то 10 сол ва 30 кас 1 то 5 сол аз умрашонро дар зиндон хоҳанд гузаронд.

Семён Чарний афзуд бархе аз гурӯҳҳои миллатгаро ошкоро даст ба мубориза бо ҳукумат зада ва ҳамла бар ниҳодҳои низомӣ ва интизомиро оғоз кардаанд.

Вай мегӯяд, нажодпарастҳо бо тарсангезӣ ва ҳаросафканӣ дар миёни кормандони ҳукумат ва муҳоҷирон талош доранд “Русияро аз “ишғолгарон”, яъне муҳоҷирон, озод кунанд”. Барои расидан ба ин “орзу” нажодпарастҳо аз ҳеҷ ҷинояте, ҳатто аз лату кӯбу куштори занони обастан ва кӯдакон, парҳез надоранд.

Ин пуштибони ҳуқуқи башар дар бораи сабаби ҳамлаи бегонаситезҳо бар муҳоҷирони тоҷик гуфт: “Чаро бар тоҷикҳо ҳамла мекунад? Зеро нажодпарастҳо тоҷикҳоро “ишғолгар” ва сусту нотавон мешуморанд. Онҳо аз мардуме чун чеченҳо ва ё озарбойҷониҳо метарсанд. Зеро тассавуре доранд ки агар чечениеро кушанд чечениҳо онҳоро аз зери замин ҳам бошад пайдо мекунанд ва ба сахтӣ мекушанд. Дар бораи озарбойҷониҳо низ чунин тасаввуре доранд ки агар озарбойҷониеро кушанд озарбойҷониҳо онҳоро аз зери замин ҳам бошад пайдо мекунанд ва интиқом мегиранд. Аммо дар бораи тоҷикҳо чунин тассавур дар зеҳн надоранд”.

Коршиносони Бунгоҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳадс мезананд, ки пас аз коҳиши тобистона тирамоҳ фаъолияти нажодпарастҳо дубора афзоиш хоҳад ёфт зеро ҳукумат барномае барои таблиғоти густурда дар вокуниш ба бегонаситезӣ дар даст надорад.

Ҳамчунин бадтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ низ бар шумори бегонаситезҳое хоҳад афзуд ки ҳама бадбахтии худро аз муҳоҷирон мебинанд.

Коршиносон шумораи кунунии нажодпарастҳои Русияро беш аз 10 ҳазор кас тахмин мезананд.

Бино бар гузориши порсолаи Бунгоҳи маскавии дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар шаш моҳи аввали соли 2008 дар Русия 152 маврид ҳамла дар заминаи бегонаситезӣ сабт шуда буд ки марги 69 кас ва захмӣ шудани 170 касро дар пай дошт. Ҳамчунин дар шаш моҳи аввали соли 2008 камобеш 100 нажодпарасту бегонаситез зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG