Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ ба озмуни "Панҷ Ситора" дар Душанбе


4-ӯми июл дар Душанбе даври интихобии довталабон барои ширкат дар озмуни байнулмиллалии "Панҷ Ситора" баргузор мешавад. Бино ба иттилоъи хабаргузории "Авесто", ба ин давр 10 довталаби ҷавон, ки аз қабл барои ширкат дархостҳои худро фиристоданд, роҳ ёфтаанд. Дар ин озмун овозхонони аз сини 16 то 30 сола ҳақи ширкат доранд. Гурӯҳи навозандагони онҳо набояд бештар аз 5 нафар бошад. Озмуни "Панҷ Ситора" дар охири моҳи август дар Душанбе баргузор мешавад. Озмунро маъмулан дар ватани ғолиби як соли пеш баргузор мекунанд. Соли гузашта ин пирузӣ насиби Таҳмина Ниёзова шуд.
XS
SM
MD
LG