Пайвандҳои дастрасӣ

Мун бо раҳбари режими низомии Мянмар мулоқот мекунад


Бан Ки Мун- Дабири Кулли СММ вориди Мянмар шудааст, то ҳукумати низомиро ташвиқ кунад, ки зиндониёни сиёсиро, ба шумули Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифон раҳо кунад. Баъд аз вуруди Дабири Кулли СММ ба Янгон-пойтахти ин кишвар додгоҳ муҳокимаи Аунг Сан Су Чиро то 10-ӯми июл мавқуф гузошт ва ин баҳонаро пеш овард, ки гӯё вай шартҳои ҳабси хонагиро риоят накардааст. Интизор меравад, ки Дабири Кулли СММ бо генерал Тан Шве-раҳбари режими низомии Мянмар музокира анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG