Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯ: Обама дар бораи ақидаи Путин иштибоҳ мекунад


Сухангӯи Владимир Путин-нахуствазири Русия мегӯяд, президент Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико иштибоҳ мекунад, ки фармудааст, нахуствазири Русия ҳанӯз дар сар гаҳ гоҳе ҷанги сардро мепарварад. Аммо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, давлати нави Амрико ба раҳбарии Обама омода аст, муносиботро беҳбуд бахшад:

"Давлати нави Амрико ба раҳбарии Обама ҳоло омодагӣ нишон медиҳад, ки вазъро тағир диҳад ва бештар муносиботи самарбахшу лозима ва бегуфтугӯ муносиб бо равобити имрӯза барқарор кунад. Ва мо ҳам барои ин омода ҳастем".

Қаблан Обама дар мусоҳибае бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, вай фикр мекунад, ки президент Медведев дурӣ аз даврони ҷанги сардро мефаҳмад.
XS
SM
MD
LG