Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико барои боздиди дурӯза вориди Маскав, пойтахти Русия шуд.

Обама ва Медведев коҳиши аслиҳаи ҳастаии ду кишварро баррасӣ мекунанд. Обама ҳамчунин мехоҳад барои интиқоли аслиҳа ба Афғонистон тавассути қаламрави Русия ризояти раҳбарияти ин кишварро ба даст орад. Медведев мегӯяд, агар Амрико аз таъсиси сипари зиддимушакӣ дар Аврупои марказӣ даст кашад, дар он сурат ба имзои аҳдномаи назорати комил бар аслиҳа муваффақ хоҳад шуд.

Аммо Обама ҳар гуна иртибот миёни масъалаи назорат бар аслиҳа ва таъсиси сипари зиддимушакӣ дар Аврупоро рад мекунад.

Барак Обама ва Дмитрий Медведев гуфтаанд, ба роҳандозии шеваҳои нави равобити Иёлоти Муттаҳида ва Русия омодаанд.Обама гуфт, мақсад дорад, ин паёмро дар ҷараёни сафараш ба Маскав дар ҳафтаи оянда ба таваҷҷӯҳи сарвазири Русия, Владимир Путин бирасонад

Обама гуфт, президенти собиқ Путин, "ҳанӯз ҳам таъсири бузурге" дар умури Русия дорад. Дар мусоҳиба бо хабаргузории
Ҳукумати нави Амрико таҳти сарварии президент Обама ба тағйири авзоъ омодагӣ нишон медиҳад ва мехоҳад, муносибатҳои пурсамар, мустаҳакам ва замонавӣ дуруст кунад. Ва мо ҳам омодаем...
Ассошиейтед Пресс, Обама инро ҳам зикр кард, ки Путин ба бовари ӯ, бо як пой дар давраи гузашта ва бо пойи дигар дар давраи нав аст.

Обама гуфт, "фурсате расидааст, ки бояд ба самти дигар ҳаракат кард." Вай афзуд, бовар дорад, президент Медведев, ки соли гузашта ба курсии президенти Русия нишаст, "ин ҳақиқатро дарк мекунад,"

Сухагӯйи Путин дар посух натиҷагирии Обамаро рад кард ва гуфт, "масъала аслан ба идроки дуруст"-и сарвазири Русия дахл надорад. Дмитрий Пешков ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, вай "мӯътақид" аст, ки назари Обама пас аз гуфтугӯҳо дар Маскав тағйир хоҳад кард.

Медведев ҳам дар робита ба мулоқоташ бо Обама дар ҳафтаи оянда дар Маскав изҳори хушбинӣ намуд ва гуфт умедвор аст, роҳҳои нави ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро пайдо хоҳад кард.

Дар навори видео дар торнигори худ, Медведев гуфт, ҳукумати президент Обама иродаи хешро ба беҳбуди равобит бо Русия нишон дод ва посухи мусбат хоҳад ёфт: "Ҳукумати нави Амрико таҳти сарварии президент Обама ба тағйири авзоъ омодагӣ нишон медиҳад ва мехоҳад, муносибатҳои пурсамар, мустаҳакам ва замонавӣ дуруст кунад. Ва мо ҳам омодаем."

Президенти Русия таъкид кард, ки ду кишвар арзишҳои ҳамсон доранд, ки арҷгузорӣ ба ҳаёт ва ҳуқуқу озодии инсон аст.

Ҳарду тараф ваъда додаанд, ки пас аз дилсардиҳо ба думболи ҷанги панҷрӯзаи Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта, равобитро аз сар бигиранд.

Вале вақте ки Обама рӯзи душанбеи шашуми июл вориди Маскав мешавад, масъалаҳои мушкиле ӯро интизор хоҳанд буд.

Михаил Маргелов
Михаил Маргелов, раиси Кумитаи умури хориҷӣ дар Шӯрои Федерсиюни Русия, мегӯяд, ду тараф бояд дар мавриди коҳиши захираҳои силоҳи ҳастаӣ ба як натиҷа расанд. "Мо омодаем, пеш равем. Вале мефаҳмем, ки халъи силоҳи комил имрӯз номумкин аст ва ин тӯҳфае мешуд ба дигар аъзои феълӣ ва билқувваи маҷмаъи кишварҳои ҳастаӣ. Ман фикр мекунам, коҳиш то сатҳи якуним ҳазор клоҳак воқеӣ ва дастрас аст."

Эътибори созишномаи дуҷонибаи коҳиши таслиҳоти стратегӣ ё СТАРТ-1 охири имсол ба поён мерасад. Тибқи хабарҳо Вошингтон ҳамчунин мехоҳад, бо Маскав дар масъалаи интиқоли икмолоти кушандаи ҳарбӣ ба Афғонистон аз қаламрави Русия низ забон ёбад.

Сергей Приходко, мушовири раисиҷумҳури Русия дар сиёсати хориҷӣ, гуфт, Маскав ба Иёлоти Муттаҳида имкон хоҳад дод, то нерӯҳои худро дар Афғонистон ба воситаи қаламрави Русия бо силоҳ таъмин кунад.

Вай афзуд, ду президент ҳафтаи оянда дар ин бобат созишномаеро имзо хоҳанд кард, ки тибқи он икмоли нерӯҳои Амрико бо силоҳу муҳимот аз тариқи Русия, чи аз роҳи заминӣ ва чи ҳавоӣ мумкин хоҳад гашт. То ҳол Русия танҳо ба интиқоли колои ғайриҷангӣ иҷозат додааст.

Аммо коршиноси Пажӯҳишгоҳи Карнегӣ дар Маскав, Мария Липман мегӯяд, гумон аст, дар ин бобат созиш ҳосил гардад: "Русия дар чанд масъала ҳассосият дорад. Монанди густариши НАТО бо узвияти Гурҷистону Украин ё истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо."

Расонаҳои ахбори ом бар инанд, ки Эрон ва Кореяи Шимолӣ низ аз масъалаҳои меҳварии нишастҳои Маскав хоҳад буд. Вошингтон хостори ҷилавгирӣ аз дастрасии ин ду кишвар ба силоҳи ҳастаист ва мегӯяд, дар ин самт бо Маскав ҳамкории хуб доштааст.

Аммо вақте ки Вошингтон ва Маскав, ба истилоҳ, бо ҳам даҳан ширин мекунанд, ҳамсоягони Русия асабонӣ мешаванд. Чунончи
Лавров ва Клинтон ҳангоми пахши тугмачаи рамзӣ. Швейтсария, 6 марти соли 2009.
эълонҳои аз сар гирифтани равобит, ки қаблан вазирони умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ва Русия, Сергей Лавров нашр карданд, мояи нигаронии Гурҷистон ва Украина шудаанд.

Такрор шудани ин даъват акнун аз тарафи президент Обама, ба гуфтаи раиси Пажӯҳишгоҳи сулҳ, демократия ва рушди Гурҷистон, Гия Нодия, дар Тифлис ақидаеро ба миён овардааст, ки ба зудӣ дар байни Амрико ва Русия як додуситаде ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки дар он манофеъи Гурҷистон ва Украина қурбон хоҳад шуд.

Евҳен Камински, аз Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилал дар Киев мегӯяд, аз сӯи дигар бӯҳрони сиёсӣ дар Украин ва як ҳолати он дар Гурҷистон ба фоидаи Русия аст ва то замоне ки он идома мекунад, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо баҳонае хоҳанд дошт, ки чаро муносибатҳо бо Маскав ё ҳатто азсаргирии ин мунсоибатҳоро муҳим медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG