Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Туғмагии ноҳияи Шӯрообод се нафар ҳалок ва як кӯдаки ноболиғ маҷрӯҳ шуд.

Талбӣ Сафаров, сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ин садама дар пайи нуқс пайдо кардани автомошинаи тамғаи ГАЗ-53 ба вуқӯъ пайваст, ки оқибат боиси ҳалокати ронанда Бегалӣ Қурбонов, мусофирон Мушкиниссо Кӯлобова ва Анварбӣ Абдураҳмонова гардидааст.

Ҷаноби Сафаров мегӯяд, се тан дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд, вале як нафар ноболиғ сахт маҷрӯҳ гардида, ба беморхонаи наздиктарин, яъне деҳаи Чагам, интиқол дода шуд.

Аммо дар ҳамин ҳол коршиносон садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб ба омилҳои гуногун баста медонанд. Зафар Муродов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, аксаран дар сари чанбари худравҳо нафароне нишастаанд, ки дониши хуби нақлиётӣ надошта, ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунанд. Аз ҷониби дигар ба қавли ӯ ришваситонии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боиси афзоиши чунин ҳодисаҳо мегардад.

Таи 6-моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоб 55-садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 14 нафар ҳалок ва 64 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG