Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости додситонии қирғиз аз Тоҷикистон


Додситони кулли Қирғизистон Элмирзо Сотиболдиев.

Додситони кулли Қирғизистон Элмирзо Сотиболдиев.

Додситонии Қирғизистон аз Тоҷикистон парвандаи Муҳаммадӣ Салимзода, як шаҳрванди маҳкумшудаи қирғизро дархост кардааст.

Марат Қулҷабоев, корманди Раёсати равобити байналмилалии Додситонии кулли Қирғизистон гуфт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон қарордоди байналмилалии кишварҳои ҳамсуд дар бораи табодули маҳкумшудагон барои идомаи иҷрои давраи муҷозот дар зиндонҳои кишвари худро дар соли 1998 имзо карда буданд ва, тибқи ин қарордод мақомоти қирғиз аз Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фақат асноди лозима барои истирдоди Муҳаммадӣ Салимзода, аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро дархост кардаанд:

«Мо бояд ибтидо аз ҳамтоёни тоҷикамон ҳуҷҷатҳои заруриро дарёфт кунем ва омӯзем. Ва баъдан бояд аз Тоҷикистон барои истирдоди ӯ ба Қирғизистон дархост кунем.»

Муҳаммадӣ Салимзода, сарҳанги собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки худ тоҷиктабор аст, 7 майи соли ҷорӣ аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомҳои амниятии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта ба ҳангоми ширкат дар як маросими хусусӣ боздошт ва баъдтар ӯро ба ҷосусӣ ва қасди табадуллоти давлатӣ муттаҳам карданд.

Тасмим барои истирдоди оқои Салимзода, баъд аз муроҷиъаи Шоира Салимзода, духтари ӯ , ба Додситонии кулли Қирғизистон дар бораи мусоъидат ба истирдоди падараш гирифта шудааст.

Шоира Салимзода дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба одилона будани ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон бовар надорад ва ба ин далел аз мақомоти қирғиз хостааст, ки падарашро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон мустарид кунанд, то парвандаи ӯ дар додгоҳи олии Қирғизистон мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, нисбат ба ӯ ҳукми одилона содир шавад:

«Барои ҳамин ҳам мо мехоҳем, ки ӯро ба инҷо мустарид кунанд, то дар ин ҷо Қирғизистон аз руи имкон парвандаи уро аз сари нав мавриди тафтиш қарор диҳанд ва ҳукми одилона бароранд.»

Марат Қулҷабоев, корманди раёсати равобити байналмилалии Додситонни кули Қирғизистон гуфт, ки додситонии кулли Қирғизистон ҳоло мунтазири посухи ҷониби Тоҷикистон аст.

Аммо Матлуба Абдуллоева, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, ки ҳанӯз ҳеҷ як дархости расмие аз Бишкек ба ин идора нарасидааст.

Хонум Абдуллоева афзуд, ки дар сурати дарёфти чунин дархост, Додситонии кулли Тоҷикистон мавзӯъи истирдоди Муҳаммадӣ Салимзодаро ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Матлуба Абдулоева таъкид кард, ки имкон дорад, Тоҷикистон баъд аз баррасӣ ҳам, оқои Салимзодаро ба ихтиёри мақомоти қирғиз насупорад. Ҳарчанд, Тоҷикистон бар асоси қарордоди байналмилалӣ дар бораи табодули маҳкумон муваззаф аст, шаҳрвандони кишварҳои дигари ҳамсудро ба ватанашон истирдод кунад.

«Агар ҷиноятҳои у барои амнияти Тоҷикистон хатар дошта бошад, пас Тоҷикистон ҳақ дорад, ӯро ба мақомоти қирғиз насупорад, дар қарордоди байналмилалии кишварҳои ҳамсуд ин гуна модда ҳаст.»

Аммо ин дар ҳолест, ки пайвандони Муҳаммадӣ Салимзода мегӯянд, ки мақомоти тоҷик далоили қотеъ барои исботи иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи ӯро дар ихтиёр надоранд.

Дилбар Мунавварӣ, ҳамсари оқои Салимзода, мегуяд, мақомоти амниятии Тоҷикистон сабти гуфтугӯии телефонӣ аз шавҳарашро, ки мушаххас нест, аз чӣ роҳ ба даст омадааст, далеле барои таъйиди иттиҳомоти худ медонанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, Муҳаммадӣ Салимзода 49 сол дошта зодаи шаҳри Душанбест ва дар соли 1993 бо хонаводааш ба Қирғизистон кӯч баста шаҳрвандии он кишварро ба даст овардааст. Ӯ аз он замон дар нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон кор кардааст.

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Салимзодаро дар моҳи августи соли гузашта, дар вилояти Суғд дар арафаи маросими арӯсии духтараш боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG