Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 тими миллии кишварҳои ҷаҳон мавқеъашро дар радифи 148-ум нигаҳ дошт.

Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 24-ум мавқеъ дорад, дар Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Узбакистону Қазоқистон ва пеш аз Туркманистону Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум ҷой гирифтааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ се зина боло - ба радифи 6-ум баромад. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Латвия (56). 4. Литва (60). 5. Беларус (74). 6. Узбакистон (79). 7. Молдова (84). 8. Гурҷистон (104). 9. Эстония (112). 10. Арманистон (122). 11. Қазоқистон (133). 12. Озарбойҷон (139). 13. Тоҷикистон (148). 14. Туркманистон (151). 15. Қирғизистон (160).

Дастаи миллии Бразилия, ки дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми конфедератсияҳо пирӯз шуд, якбора аз чаҳор даста пеш гузашт ва дар садри феҳристи FIFA қарор гирифт. Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, ба ҷои дуввум фуромад. Ҳуланд низ як зина поин шуд - ҷои севум. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Олмон, Русия, Инглистон, Аргентина, Фаронса ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (16), Ҷопон (40), Кореяи Ҷанубӣ (48), Эрон (58), Арабистони Саъудӣ (61), Баҳрайн (66), Уммон (78), Узбакистон (79), Қатар (86) ва Ироқ (94).

Дар 4 моҳи ахир ҳамагӣ 119 бозии байнулмилалӣ, аз ҷумла 16 бозӣ дар Ҷоми конфедератсияҳо, 67 бозӣ дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 ва 36 бозии рафиқона баргузор шуданд. Умуман аз аввали сол аллакай 406 бозии расмӣ барпо гаштааст. Вале дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имсол ягон бозӣ анҷом надодааст.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, мо баргузории ду бозии дӯстонаро бо ширкати дастаи мунтахаби миллии кишвар бо тимҳои миллии Эрон ва Аморати Муттаҳидаи Араб моҳҳои август, сентябр, ё октябри соли равон ба нақша гирифтаем ва дар айни хол бо федератсияҳои футболи ин кишварҳо гуфтушунид дорем.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG