Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сешанбе маросими видоъ бо Ҷексон эълон шудааст


Хонаводаи Майкл Ҷексон эълон кардааст, ки маросими дафни ин ситораи дарахшони ҳунар рӯзи сешанбеи оянда баргузор мешавад. Дар эъломияи хонаводаи Ҷексон омадааст, маросими видоъ дар майдони Степл Сентер дар маркази Лос Анҷелес баргузор мешавад. Тибқи як хабари дигар, вакили мудофеъи зани собиқи Ҷексон, яъне Деббӣ Роу, ки модари ду фарзанди калонии Ҷексон мебошад гуфтааст, Деббӣ ҳоло ин масъаларо баррасӣ мекунад, ки ин ду фарзандро ба зиндон бикашад ё хайр, зеро ба идаъои модар, ин ду фарзанд сабаби талоқ аз шавҳараш Ҷексон шудааст. Деббӣ барои талоқ аз Ҷексон соҳиби 8,5 миллион доллар шуда буд. Нигаҳбонии муваққатии фарзандони Ҷексон, тибқи васияти Ҷексон ба модари худи Ҷексон вогузор шудааст.
XS
SM
MD
LG