Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ироқ бояд паноҳҷӯёнро ба бозгашт ташвиқ кунад


Ожонси СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, Ироқ бояд мардумеро, ки ба хориҷ фирор кардаанд, барои бозгашт ба Ватан бештар ташвиқ кунад. Имрон Ризо-намояндаи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Аммон мегӯяд, ироқиҳое, ки дар Урдун паноҳ бурда буданд, намехоҳанд ба Ироқ баргарданд, зеро онҳо дар зодгоҳи худ аз кумакҳои зарурӣ, ба вижа аз кӯмак барои пайдо кардани кор бархӯрдор намешаванд. Ҳоло дар ҳудуди 450 000 ироқии паноҳҷӯ дар Урдун ва тақрибан 1,2 миллион нафар дар Сурия ба сар мебаранд. Бино ба маълумоти Ожонси СММ дар умури паноҳандагон, ҳоло шумораи беҷошудагони дохилӣ дар Ироқ низ 2,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG