Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноумедиҳои Барак Обама аз мизони бекорӣ


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ки афзоиши теъдоди бекорон дар кишвар ӯро “сахт ноумед” кардааст.

Ба иттилоъи расмӣ, сатҳи бекорӣ аз он чи ки мутахассисон пешгуӣ мекарданд хеле афзуда, 9,5 дарсадро ташкил додааст ва ин поинтарин сатҳ дар 26 соли ахир мебошад.

Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс ба хабарнигорон гуфт, ки раисиҷумҳур дар мавриди ба тадриҷ коҳиш ёфтани ҷойҳои корӣ “амиқан нигарон боқӣ мемонад”. Бо вуҷуди ин, Гибс иддаҳоро дар бораи он, ки барномаи маъмурияти Обама ҷиҳати ихтисоси чандин миллиард доллар кумак ба соҳоти иқтисодӣ кор намекунад, рад кард.

Бино бар омори Вазорати меҳнати Амрико, моҳи гузашта 467 ҳазор ҷойҳои корӣ аз байн рафт ва ин аз ҳадсзаниҳои мутахассисони Волстрит 100 ҳазор бештар будааст. Аз замони оғози бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико дар маҷмӯъ 6 миллиону панҷсад ҳазор ҷойи корӣ аз байн рафтааст ва сатҳи бекорӣ қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.

Вилям Саливан, мутахассиси аршади иқтисодии Ширкати сармоягузории Ҷей Ви Би, мегӯяд, бо поён ёфтани семоҳаи дуввум ба назар мерасад, ки ақибравии иқтисод идома дорад.

Интишори омор ба фаъолияти бозорҳои саҳомии Амрико таъсири манфӣ расонд ва замоне, ки ин гузориш омода мешуд, аз ҷумла, шохиси Доу Ҷонс ба 2,4 дарсад поин рафт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин гуна афзоиши босуръати сатҳи бекорӣ дар як моҳ аз соли 1983 то ҳамин сол мушоҳида нашуда буд. Тибқи як омори дигар, моҳи гузашта ҳафтаи маъмулии корӣ коҳиш ёфта баҳои як соатӣ корӣ бе таъғир монд, ки ин ҳам нишондодҳои нигаронкунанда маҳсуб мешаванд.

Президент Обама дирӯз дар Кохи сафед гуфт, ки гузориши моҳи июн дар муқоиса бо семоҳаи аввали сол чандон нигаронкунанда нест, аммо, афзуд ӯ, ин воқеият ба дарди миллионҳо бекорони амрикои малҳам намебахшад. Обама гуфт, ки кишвар ба ин гуна вазъи сангин дар тӯли чандин сол расидааст ва акнун барои баромадан аз ин вазъ бештар аз чанд моҳ зарур хоҳад шуд.

Баландтарин сатҳи коҳиши ҷойҳои корӣ дар Амрико моҳи январ ба қайд гирифта шуда буд ва он замон 741 ҳазор ҷойи корӣ аз байн рафт. Баъд аз ин раванд ба эътидол даромад ва мутахасисисон ҳадс мезаданд, ки бӯҳрон оҳиста-оҳисата ба поён мерасад.

Бо вуҷуди ин таҳлилгарон изҳори ақида мекунанд, ки фишор ба бозорӣ кор камтар мешавад ва тибқи омори вазорати кор, муроҷиати мардуми коргумкарда ба ин вазорат камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG