Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Ширин Ибодӣ аз Бан Ки Мун


Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, зери номае имзо гузошт, ки дар он аз Дабири кулли СММ Бан Ки Мун даъват шудааст то барои таҳқиқи далелҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн намояндаи вижаи худро ба Теҳрон фиристад. Ҳамин гуна нома унвонии Бан Ки Мун аз сӯи як идда созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва Лигаи дифоъ аз ҳуқуқи башари Эрон низ ирсол шудааст. Қаблан Дабири кулли СММ хушунат дар баробари эътирозгарон баъд аз эълони натоиҷи интихоботи президентии Эронро маҳкум карда буд. Ҷонибдорони номзади ислоҳотталаб Мирҳусейни Мусавӣ тайи чанд рӯз дар хиёбонҳои Теҳрон ҷамъ омада хостори лағви натоиҷи, аз нигоҳи онҳо, тақаллубии интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуданд. Бар асари бархурди тазоҳургарон бо пулис тақрибан 20 нафар ба ҳалоқат расиданд. Мақомоти интизомӣ садҳо тан аз эътирозгаронро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG