Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як афсари британиявӣ дар Ҳилманд


Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон як афсари британиявӣ ба ҳалокат расид. Тибқи хабарҳо, подполковник Руперт Торнелоу воломақомтарин афсари Британия аст, ки аз замони ҷанг дар Афғонистон кушта шудаанд. Мошини Торнелоу ба як майни рӯи раҳ бархурд. Дар ин ҳодиса як низомии дигари британиявӣ ҳам ба ҳалокат расидааст.
Дар Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, амалиёти густардаи нерӯҳои амрикоӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” идома дорад. Дар ин амалиёт ба онҳо низомиёни афғон кумак мекунанд.
XS
SM
MD
LG