Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи аврупоӣ Русияро муҷрим донист


Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар Русияро муваззаф кард, ки ба шаҳрванди ҷумҳурии Чеченистон Зина Пухигова ба ҳайси ҷубронпулӣ барои зиёни маънавӣ 35 ҳазор евро пардохт кунад. Додгоҳ Русияро дар беному нишон ғайб задани шавҳари Пухигова – маъюби дараҷаи аввал Салмон Абдулазизов дар Чеченистон дар соли 2001-ум айбдор донист. Он вақт гурӯҳи афроди мусаллаҳ Абдулазизовро дар манзилаш дар деҳаи Гойти боздошт карда бо худ бурданд. Сарнавишти ӯ то ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG