Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти миқдори бузурги нашъа дар Испания


Полиси Испания дар як амалиёти вижа тақрибан 7 тонна маводи мухаддирро мусодира ва бо гумони даст доштан дар қочоқи ин мавод 17 нафарро боздошт кард. Ба иттилоъи расмӣ, амалиёт тақрибан ним сол идома дошт ва дар чанд марҳила гузашт. Боздошти гумонбарон дар баҳр, ҳангоми талоши воридоти миқдори бузурги маводи мухаддир ба Испания, сурат гирифтааст. Ҳамаи боздоштшудагон – шаҳрвандони ҳамин кишваранд.
XS
SM
MD
LG