Пайвандҳои дастрасӣ

Навмедии Обама аз афзоиши сатҳи бекорӣ дар Амрико


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама гуфт, ки афзоиши теъдоди бекорон дар кишвар ӯро “сахт навмед” кардааст. Ба иттилоъи расмӣ, сатҳи бекорӣ аз он чи ки мутахассисон пешгуӣ мекарданд хеле афзуда, 9, 5 дар садро ташкил додааст ва ин пойинтарин сатҳ дар 26 соли ахир мебошад. Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гиббс ба хабарнигорон гуфт, ки раисиҷумҳур дар мавриди ба тадриҷ коҳиш ӣёфтани ҷойҳои корӣ “амиқан нигарон боқи мемонад”. Бо вуҷуди ин, Гиббс иддаоҳоро дар бораи барномаи маъмурияти Обама ҷиҳати ихтисоси чандин миллиард доллар кумак ба бахши иқтисодӣ рад кард.
Бино бар омори вазорати кори Амрико, моҳи гузашта 467 ҳазор ҷойҳои корӣ аз байн рафт ва ин аз ҳадсзаниҳои мутахассисони Wall Street 100 ҳазор бештар будааст. Аз замони оғози бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико дар маҷмӯъ 6 миллиону панҷсад ҳазор ҷой корӣ аз байн рафт ва сатҳи бекорӣ қариб ду баробар афзоиш ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG