Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як талоши сари қудрат баргардонидани Зелайя


Хосе Мигел Инсулса, раиси Созмони кишварҳои амрикоӣ, тасмим гирифтааст, ки имрӯз ба Ҳондурас сафар кунад ва раҳбарони муваққати ин кишварро барои сари қудрат баргаштани раисиҷумҳури барканоршуда Мануэл Зелайя мутмаин созад. Инсулса изҳор намуд, ки дар сурати иҷро нашудани ин тақозо, ӯ ба мақомоти муваққатии Ҳондурас аз имкони таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ ҳушдор хоҳад дод. Ҳамзамон раиси Созмони кишварҳои амрикоӣ иқрор кард, ки ба муваффақ шудани ҳадафи сафараш мутмаъин нест. Раҳбари муваққати Ҳондурас Роберто Мичелеттӣ изҳор намуд, ки пеши фишор аз хориҷ сар хам нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, барканории Зелайя аз мақоми раисиҷумҳур тибқи қавонини Ҳондурас сурат гирифтааст.Аз ин пеш ҳукумати муваққатии Ҳондурас, ки баъд аз кудатои низомии як ҳафта пеш таъсис шудааст, тақозои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои дар мақомаш барқарор кардани раисиҷумҳур Мануэл Зелайяро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG