Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба натоиҷи музокирот хушбин аст


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама мехоҳад аз мақомоти Русия даъват кунад, ки онҳо аз ин баъд дар равобит бо Амрико аз шеваи замони “ҷанги сард” кор нагиранд. Обама дар арафаи нахустин сафари расмияш ба Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press гуфт, ки ба натоиҷи мусбати музокирот дар Маскав хушбин аст. Ҳамзамон раисиҷумҳури Амрико ишора кард, ки чун пештара дар Русия нуфузи сиёсии Владимир Путин зиёд аст ва ин дар ҳолест, ки Путин, ба гуфтаи ӯ, “як пой дар гузашта” қарор дорад. Барак Обама ҳамчунин ба нақши муҳими ҳамкорӣ бо Русия дар масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолӣ таъкид кард.
XS
SM
MD
LG