Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юкио Амано раиси нави Оҷонси нирӯи ҳастаӣ шуд


Дипломатҳо гуфтанд, ки аъзои шӯрои раҳбарони Оҷонсии энержии ҳастаии СММ, ки иборат аз намояндагони 35 кишвар мебошад, Юкио Амано, сафири Ҷопон дар ин оҷонсро раҳбари ояндаи он интихоб карданд. Муҳаммад Ал-Бародаӣ баъди се мӯҳлат ё 12 соли раҳбарии ин сохтори вобаста ба СММ бояд охири моҳи ноябр салоҳиятҳои худро ба нафари дигар супорад. Соли 2005 Ал-Бародаӣ ва Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел шудаанд.
XS
SM
MD
LG